Садҳо маргу миллиардҳо зарар: Раҳмон дар баҳси Арал истифодаи "Сарез"-ро пеш гузошт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Туркманбошӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мушкили об дар минтақа ва наҷоти баҳри Аралро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокати садҳо нафар дар пайи офатҳо ва миллиардҳо доллар зарари Тоҷикистон зикр карда, барои беҳбуди вазъи таъминоти об дар минтақа истифодаи кӯли Сарез, беҳбуди обёрӣ ва ҳамкории бештари кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш аз Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) тавсиф кардааст, ки тайи бисту панҷ сол диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Арал ҷалб кард.

Сарезское озеро в горах Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон дар Тоҷикистон 2 нерӯгоҳ месозад: масъалаи Сарезро меомӯзем

Ӯ изҳор доштааст, ки тайи солҳои гузашта дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои идоракунии об ва лоиҳаҳои муҳити зист якчанд миллиард доллари амрикоӣ сарф карда шуд.

"Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, азхудкунии заминҳои нав ва ҳаҷми зиёди талафоти об дар соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулот ва иқтисодиёт, ки дар якҷоягӣ ба коҳишёбии ҳаҷми умумии захираҳои об ва афзоиши талаботи истеъмоли об оварда мерасонад, аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ба шумор меравад", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур зикр кардааст, ки Тоҷикистон зиёда аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳо, аз ҷумла тақрибан як ҳазор пиряхҳои хурд ва миёнаро аз даст додааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки бо назардошти рушди босуръати сатҳи талабот ба об дар минтақа, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ташаббуси Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби нӯшокии  кӯли баландкуҳи Сарез барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар кишварҳои минтақа барои солҳои дароз хотиррасон кард.

Соҳили Арал - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон ба Арал сайёҳонро барои табобат ва дамгирӣ ҷалб мекунад

"Таклиф карда шуд, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти он, ки саломатии аҳолии минтақа аз сифати оби нӯшокӣ вобаста аст, ба инобат гирифта шавад", — афзуд манбаъ.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон дар давоми бист соли охир зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ вобаста ба захираҳои об ба якчанд миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда, талафоти аҳолӣ зиёда аз як ҳазор нафарро ташкил дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронияш чанд тадбирро пешниҳод кардааст, ки яке аз онҳо бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ бо обанборҳо мебошад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур ин иқдом  ба танзими мавсимӣ ва дарозмуддати таъмини об, бахусус дар солҳои камобӣ, инчунин коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиии вобаста ба об мусоидат мекунанд.

Берег озера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба рушди минтақа таҳдид мекунад

"Тоҷикистон, соҳаи гидроэнергетикаро рушд дода, бо партовҳои махсуси гази карбон (CO2) дар атмосфера дар як саду сию панҷум ҷой ва дар миқёси минтақа бошад, дар мақоми охирин ҷойгир аст. Ин нишондиҳанда танҳо тақрибан се фоизи умумии партобҳоро ташкил медиҳад", — иброз доштаст раҳбари Тоҷикистон.

Ӯ дар идома се пешниҳод карда, изҳор доштааст, ки нахуст ба таҷдиди сохтори мавҷудаи идоракунии об, асосан ҷуйборҳои обёрӣ, ки аксарияти об дар онҳо талаф меёбад, аҳамият дода шавад;

"Барои татбиқи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва технологияҳои нави захираҳои об, инчунин системаи ҳисобдории ҳаҷми об, мусоидат карда шавад. Ҳамгироии иқтисодии ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва меҳнат нигаронидашуда, ташаккул дода шавад", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи мулоқот нишасти матбуотӣ баргузор намуда, аз натиҷаи ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0