00:21 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд

Воридоти 25 автобус ба Хуҷанд ва ҳушдори шаҳрдорӣ ба ронандаҳои микроавтобусҳо

Дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37310

Ба гуфтаи шаҳрдории Хуҷанд, дар тӯли 20 сол дар Хуҷанд ҷои автобусҳоро микроавтобусҳо гирифта буданд. Аммо ронандагони бархе аз онҳо бо оддитарин тартибот риоя намекарданд, ки боиси коста шудани ҳусни шаҳр мешуд. "Дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо", - гуфтааст дафтари матбуотӣ

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Чанде қабл дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" ба шаҳри Хуҷанд 25 автобуси 12-метра ворид шуда, то 10-уми сентябр 50 автобуси 12-метраи дигар ворид мешавад, хабар медиҳад шаҳрдории Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин автобусҳо дар хатсайрҳои микроноҳияи 34-шаҳри Бӯстон ва микроноҳияи 8-12 —шаҳраки Ғафуров хизматрасониро ба роҳ мондаанд.

"Ин автобусҳо наздик 30 адад ҷойи нишаст дошта, беш аз 110 нафар мусофиронро ба манзил мерасонад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Сайрхатте, ки аз ҷониби микроноҳияи 34-ум ба шаҳри Бӯстон равона мешавад, аз тавваллудхонаи шаҳрӣ ба воситаи кӯчаҳои 30 солагии Ғалаба, Сирдарё, Султон Умаров, хиёбони Истиқлол то гардиши Маҷмааи "Истиқлол" тариқи кӯчаи Исмоли Сомонӣ ба шаҳри Бӯстон мерасад.

Шаҳрдорӣ ёдрас мешавад, ки тайи 20 сол дар шаҳр ҷойи автобусҳоро микроавтобусҳо гирифта, бархе аз ронандаҳои онҳо ба тартибот риоя намекарданд.

"Аз қабили аз меъёр зиёд ҳаракат намудан, дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намудан, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, берун аз истгоҳҳо истода мусофир гирифтан, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо баҳри пулчинӣ аз мусофирон, ҳаракати бенизом дар кӯчаҳои шаҳр барои ба даст овардани мусофир, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо ба қайд гирифта мешуд", — навиштааст манбаъ.

Ин ҳама ба маданияти шаҳрдорӣ халал ворид менамуд, таъкид мекунад шаҳрдорӣ.

"Бояд чунин тоифа дарк намоянд, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон буда, маркази маъмурии вилояти Суғд муайян шудааст. Он намунаи олии шаҳрдорӣ ба тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мо бояд меъёру талаботи шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро марҳила ба марҳила такмилу ба танзим дарорем ва риоя созем", — таъкид кардааст манбаъ ба ронандаҳо.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки баъзе аз ронандаҳо "бо бар намудани либосу намуди зоҳирии ба миллати мо бегона андешаи сайёҳонро нисбати маданиятамон зери суол қарор медиҳанд".

Дар анҷом дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд таъкид кардааст, ки минбаъд нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр танзим мешавад.

"Ҳаракати автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд, зеро дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Барчаспҳо:
автобус, ронанда, Хуҷанд, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ