17:59 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Парчами Покистон

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон

© Flickr / Rathika Sitsabaiesan
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари ҳайати кормандони Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон ба Тоҷикистон байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Санади мазкурро дар Душанбе директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар ва роҳбари Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон, генерали мустаъфӣ Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ ба имзо расониданд.

Бо имзои Ёддошти тафоҳум Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон ҳамкориро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ташкили конференсияҳои муштарак дар Душанбе ва Исломобод, табодули таҷриба ва иттилоот, ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва ғайраро ба роҳ мемонанд.

Ҳамзамон ҳайати покистонӣ, ки, бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази стратегии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ байни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо бархе аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир- ифротгароӣ ва терроризм ва таъмини амнияти иттилоот баррасӣ шуд.

Барчаспҳо:
тадқиқоти стратегӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, марказ, имзо, Покистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ