23:34 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Искандаркул, акс аз бойгонӣ

Тирамоҳ наздик мешавад: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон аз 14 то 34 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, ҳарорат шабона то 2-3 ва рӯзона то 1-2 дараҷа паст мешавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ВМКБ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
камабр, ВМКБ, тағйирёбанда, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ