Соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар Душанбе мактаб месозад

© Пресс-служба мэрии ДушанбеРустам Эмомали открыл строительство "Дворец счастья" в Душанбе
Рустам Эмомали открыл строительство Дворец счастья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе сохтмони бинои нави мактаби рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур барои 860 хонанда оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Абдуҳалим Қодирзода — соҳибкори тоҷик дар пойтахт мактаб бунёд мекунад.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, Рустам Эмомалӣ, ба сохтмони ин мактаб дар ноҳияи  Шоҳмансур оғози расмӣ бахшидааст.

Бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсус барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бо сарфи 36 миллион: ифтитоҳи мактаб нав бо иштороки раисҷумҳур дар Душанбе

Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад.

"Бинои мактаби нави №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол сохта мешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси шаҳр таъкид намудааст, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф карда шуданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0