11:48 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Мусалмонон дар масҷид, акс аз бойгонӣ

Ду сокини Фархорро, ки ҳамлагарони афғон куштанд, ба хок супурданд

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Ду сокини ноҳияи Фархор, ки 26 августи соли равон дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар наздикии марз ба ҳалокат расиданд 27 август дар зодгоҳашон ба хок супорида шуданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Амирхон Саидов аз деҳаи якуми майи ҷамоати 20 —солагии Истиқлолият ва Давлат Сангаков аз деҳаи Марғзори ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки 26 августи соли равон дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар наздикии марз ба ҳалокат расиданд, 27 август дар зодгоҳашон ба хок супорида шуданд, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими дафни ин нафарон раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия ба хонаводаҳои қурбоншудагон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба оилаҳои қурбоншудагон кумаки моддӣ расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли равон тахминан соати 15:00 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" ки марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи "Нива", ки дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаракат мекарданд, бо автомати АК-74, ва "Гранатомёт" ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.

Дар натиҷаи ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор менамояд. 

Барчаспҳо:
Фархор, задухурд, мусаллаҳ, афғонӣ, сарҳад, дафн, марз, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ