Суҳбати ноиби президент: чаро Тоҷикистон реактори ҳастаиро фаъол мекунаду чӣ хатар дорад?

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкСотрудники научно-исследовательского центра стоят у шахты реактора, архивное фото
Сотрудники научно-исследовательского центра стоят у шахты реактора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо қабули барномаи махсуси давлатӣ ният дорад, то соли 2020 реактори ҳастаии "Аргус" - ро дар кишвар фаъол созад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ҳикмат Муъминов, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, реактори ҳастаии "Аргус"  соли 1982 ба кишвар ворид шуд, вале солҳои аввал як гурӯҳ донишмандон иддао доштанд, ки  фаъолсозии он ба муҳити атроф зарар хоҳад расонд.

"Вале, омӯзиш нишон медиҳад, ки он аз ҷиҳати экологӣ ва ҳам аз нуқтаи назари принсипҳои физикӣ комилан безарар мебошад. Хеле хурд буда, дар шакли маҳлулӣ фаъолият мекунад. Намунаи дигари он солҳост, ки дар маркази шаҳри Москва фаъолият дорад ва то ҳол ба муҳити зист ҳеҷ зараре нарасондааст", — таъкид намудааст ӯ.

Озмоишгоҳи радиохимиявӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Реактори ҳастаии “Аргус”-ро дар ҶТ бо мақсади сулҳ барқарор мекунанд

Муъминов дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор доштааст, ки реактори ҳастаии "Аргус" аз технологияи пешқадам ба шумор рафта, ҳоло аз он дар ҷаҳон ҳамагӣ дуто мавҷуд аст.

"Ҳарчанд аз ихтироаш наздики 30  сол гузашт, ҳанӯз аз он дида реактори хубтари дигаре пешниҳод нашудааст.  Ба ин хотир, фаъол намудани ин реактор дар пешрафти илми  кишвар нақши созгор хоҳад бозид", — изҳор доштааст Муъминов.

Ба гуфтаи Муъминов тариқи "Аргус" метавон тадқиқот бо усули нейтронфаъолгардонӣ анҷом дода шавад, ки дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои илми геология, саноати кӯҳӣ, хокшиносӣ ва муайян намудани сохтори маводи нави кимиёвии ҳосилшуда зарур мебошад.

"Бо истифода аз "Аргус", ки нурафканиши нейтронӣ дорад, метавон наноплёнкаҳо, ки дар соҳаҳои нанотехнология, микробиология ва бахшҳои дигар талаботи зиёд дорад, ҳосил намуд", — изҳор доштааст Муъминов. 

Ӯ афзудааст, ки ҳамчунин, тариқи ин реактор метавон изатопҳо ҳосил кард, ки на танҳо дар кишвар, балки дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад. Ноиби президенти Академияи илмҳо шарҳ додааст, ки миқдори ками изатоп имкон медиҳад, ки қалби инсон пурра ташхис ва натиҷаи он дар компютер нишон дода шавад.

Тавофуқи “шашгона” бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ

"Бемории  шушро тавассути рентген муайян мекунанд. Аммо, собит гардида, ки афканишоти шуоъҳои рентгенӣ ба бунияи инсон  таъсири манфӣ дорад. Дар кишварҳои пешқадам  беморони шуш бо изатопҳои радиоактивӣ бо усули нафаскашӣ ташхис мешаванд. Собит гардид, ки изотоп нисбат ба рентгент 100 маротиба таъсири кам дорад. Дар тибби имрӯза бо ин усул ҳуҷайраҳои бемории саратон низ   нобуд карда мешаванд", — иттилоъ додааст Муъминов.

Ноиби президенти Академияи илмҳо илова намудааст, ки кишвари мо низ аз ин усули табобат истифода мебарад.

"Лекин, изатоп аз хориҷи кишвар бо нархи хеле гарон ворид мегардад. Бар замми ин, то ворид шудан фаъолнокиаш ду баробар коҳиш меёбад. Зеро муҳлати фаъолнокии он хеле кӯтоҳ аст. Айни замон, дар кишвар роҳу усули ба даст овардани онро надорем. Ба фаъолият пардохтани реактори ҳастаии "Аргус" ин мушкилиро низ аз миён хоҳад бурд", — хулоса кардааст Муъминов.

Феълан барои фаъолсозии реактори "Аргус" барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2016 — 2020 мавриди амал қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0