20:26 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото

Кумитаи дин: бозгашти ҳоҷиён 31 август шурӯъ мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Кумитаи дин, эълон кардааст, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки маросими ҳаҷро адо карданд, рӯзи 31 август ба ватан бармегарданд.

“Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён, рӯзи 31 август аз Арабистони Саудӣ ба шаҳр Хуҷанд парвоз хоҳанд кард. Шаҳри Душанбе аввалин гурӯҳи ҳоҷиёнро рӯзи 2 сентябр қабул хоҳад кард”, — таъкид кард намояндаи Кумитаи дин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Инчунин вай афзуд, ки то ҳол дар раванди бозгашти ҳоҷиёни ба Тоҷикистон ҳеҷ мушкилие пеш намомадааст ва қарор аст, то 14 сентябр ҳамаи ҳоҷиён ба ватан баргарданд.

Манбаъ гуфт, ки ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ тариқи ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Имсол наздики 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷ карданд. Арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил дод.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта барои адои ҳаҷ беш аз 6,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар соли 2017 арзиши адои ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазор сомониро (3650 доллар) ташкил медод, ки нисбат ба соли 2016 адои ҳаҷ 4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Мавзӯъҳои асосӣ