17:23 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сарбози пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Низомиёни пойгоҳи 201-ум корвони "ҷангҷӯён"- ро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд

© Фото : Пресс-служба 201 РВБ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
355 0 0

Кошифони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон корвони ҷангҷӯёни шартиро пайдо намуда, ба тирандозон хабар доданд. Тирандозон террористони шартиро нобуд карданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Низомиёни рус дар пойгоҳҳои кӯҳии Тоҷикистон корвони ҷангҷӯёни шартиро нобуд карданд, иттилоъ медиҳад, дафтари матбуотии Ҳавзаи низомии марказии Русия.

Тирандозони неруҳои 201-уми Русия дар пойгоҳи куҳии Тоҷикистон машкҳои низомӣ анҷом доданд.

“Дар машқҳои мазкур низомиёни рус, корвони ҷангҷӯёни шартиро, ки аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ интиқол медоданд, нобуд карданд. Гурӯҳи кашшофони низомӣ корвони шартиро пайдо намуда, ба тирандозон ва сарбозони гранотомётдор хабар доданд. Сарбозон корвонро камин гирифта, онро нобуд сохтанд”, — гуфтааст манбаъ.

Зимни машқҳои низомӣ, низомиён ба рафти омодагии инфиродии сарбозон, беҳтар намудани истифодаи силоҳ, техника ва таҷҳизоти алоқа аҳамияти хос доданд. 

Мавзӯъҳои асосӣ