06:15 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Наврӯз дар кӯчаи Арбати кӯҳнаи Маскав

Шоҳҷоизаи фестивали “Атласу адраси Суғд-2018” панҷ ҳазор сомонӣ мебошад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ моҳи октябри соли равон Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, фестивал дар ду давр баргузор шуда, даври аввал моҳи сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм охири моҳи октябр дар маркази вилоят баргузор хоҳад шуд.

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ доир мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фестивали мазкур метавонанд ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят, иштирок намоянд. Баҳодиҳӣ аз рӯи нишондодҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” сурат мегирад.

Манбаъ афзудааст, ки либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ таҳия шуда, ба хусус ба либосҳои идона, арӯсиву домодӣ вобаста ба минтақаҳои вилоят таваҷҷуҳи хос дода мешавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплому тӯҳфаҳои пулӣ аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали “Атлас” 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Барчаспҳо:
ҷоиза, Тоҷикистон, атлас, фестивал

Мавзӯъҳои асосӣ