Шоҳҷоизаи фестивали “Атласу адраси Суғд-2018” панҷ ҳазор сомонӣ мебошад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешДни Навруза на Старом Арбате в Москве
Дни Навруза на Старом Арбате в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ моҳи октябри соли равон Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, фестивал дар ду давр баргузор шуда, даври аввал моҳи сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм охири моҳи октябр дар маркази вилоят баргузор хоҳад шуд.

Посол Англии поздравил Таджикистан с праздником навруз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо камзули атлас ва ба забони тоҷикӣ: табрикоти наврӯзии сафири Бритониё

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ доир мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фестивали мазкур метавонанд ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят, иштирок намоянд. Баҳодиҳӣ аз рӯи нишондодҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” сурат мегирад.

Эмомали Рахмон встречается с таджикистанцами - Sputnik Тоҷикистон
Бо мақсади ташвиқи либоси миллӣ: Дар Тоҷикистон ҷашнвораи атлас ва адрас баргузор мешавад

Манбаъ афзудааст, ки либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ таҳия шуда, ба хусус ба либосҳои идона, арӯсиву домодӣ вобаста ба минтақаҳои вилоят таваҷҷуҳи хос дода мешавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплому тӯҳфаҳои пулӣ аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали “Атлас” 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0