06:22 06 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

4 сентябри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахшҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ ҷоиза дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд. 

"Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт ба Маъруф Бобоҷон барои асари "Тавба" ва ба Сайидамин Ҷило барои китоби "Гулшани ҳунар" супурда шуд", — гуфт манбаъ.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, дар бахши санъат ба Зулфия Тӯйчиева барои офариниши беҳтарин нақши модар дар саҳна ва ба Ӯлмаси Хол барои нигориши силсилабарномаҳои идона, дар бахши меъморӣ ба Рустамҷон Сангинов барои офариниши силсилаи осори ҳунарии миллӣ ва ба Аҳад Воҳид барои таҳияи лоиҳаи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт ҷоиза супорида шуд.

"Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ба Содирхон Умаров барои таҳияи китоби "Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ" ва Ваҳҳоб Набиев барои таълифи китоби "Ваҳдат — мароми олии миллат" тақдим карда шуд", — таъкид кард манбаъ.

Ҳамзамон ба гурӯҳи калони фаъолони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи гражданӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд. 

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳммадзода, Хуҷанд, Суғд, тақдим, ҷоиза, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ