11:15 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
сохтмон дар Варзоб

Мастчоҳ ба ҷашни Истиқлолият омодагӣ гирифтааст

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 150 иншооти гуногун сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, тибқи нақшаи тасдиқшуда дар ноҳияи Мастчоҳ дар давоми се соли оянда дар ноҳия 158 иншоот гуногун сохта мешавад.

"Аз ҷумла, дар ноҳияи Масчоҳ коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ ва варзишӣ сохта ва ба истифода дода мешавад", — гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол дар рӯзи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон як қатор иншоотҳо ба истифода супорида хоҳад шуд. Аз ҷумла дар рӯзи 9 сентябр қарор аст, нахустин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдорак, ду кӯдакистон дар ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳу Палдорак ва маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон ифтитоҳ мешавад.

Бино ба иттилои ҳукумати вилдояти Суғд айни замон дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор Маркази саломатии замонавӣ ба истифода дода шуда, инчунин се километр роҳи байни Бустон — Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба маблағи 3 миллион сомонӣ мумфарш карда шудааст.

Барчаспҳо:
ҷашн, истиқлолият, иншоот, Суғд, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ