10:22 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Ҳабс ва муҷозоти сокини Душанбе барои дашноми ҳамсараш дар ҳолати мастӣ

Ҳабсу рӯбучини сокини Душанбе барои дашноми ҳамсараш дар назди мардум

дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68831

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе як марди 49-соларо барои дашноми ҳамсараш дар назди аҳли хонавода ва мардум дар ҳолати мастӣ ба ҷавобгарӣ кашидааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба ин ниҳод сокини маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино муроҷиат карда, арз доштааст, ки шавҳари ӯ пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хона омада, ӯро дашномҳои қабеҳ ва  шаъну шарафи ӯро дар назди дигар аъзоёни оила паст мезанад.

"Дар пайи баррасии шикояти зан муайян шуд, ки шавҳараш Муқумов Эркинҷон Очилович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 1-уми сенятбри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Чунин ҳолат мунтазам аз ҷониби гумонбаршуда ба вуқӯъ пайваста, ҳамсари худро озору ӯқубат медодааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки барои ин амал  додгоҳи ноҳияи Сино ба Муқумов Эркинҷон  бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар намуди ҳабс ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин кард.

Барчаспҳо:
мастӣ, зан, шавҳар, дашном, ҳабс, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ