10:39 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Се сол муҳлат: амри раисиҷумҳур барои бунёди ҳаммом, кошонаи ҳусну майдонча дар деҳот(АКС)

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1587 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифодаи сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ дар маҳаллаҳои истиқоматии кишвар иншооти иҷтимоӣ, аз ҳаммом то майдончаи варзишӣ бунёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки барои иҷрои амри раисиҷумҳур аз 22 майи соли 2018 ва суратҷаласаи Ҳукумат, лоиҳаҳои бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Кумитаи меъморӣ изҳор доштааст, ки соҳибкорон, ширкатҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ метавонанд лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани нақшаи кории он ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.

Бархе аз лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Кумитаи меъморӣ:

  • Лоиҳаи китобхонаи пешниҳодкардаи Кумитаи меъмории Тоҷикистон
    Лоиҳаи китобхонаи пешниҳодкардаи Кумитаи меъмории Тоҷикистон
    сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
  • Лоиҳаи нонвойхона, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    Лоиҳаи нонвойхона, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
  • Намуди умумии майдончаи варзишӣ, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    Намуди умумии майдончаи варзишӣ, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
  • Лоиҳаи нонвойхона, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    Лоиҳаи нонвойхона, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст
    сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
  • Лоиҳаи ҳаммоми пешниҳодкардаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
    Лоиҳаи ҳаммоми пешниҳодкардаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
    сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
1 / 5
сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
Лоиҳаи китобхонаи пешниҳодкардаи Кумитаи меъмории Тоҷикистон

"Ҷойгирсозии  бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхона воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд", — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ таъкид намудааст, ки лоиҳаҳои иншооти зикршуда бо Вазорати фарҳанг,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мувофиқа карда шудааанд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон изҳор доштааст, ки анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат дар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, суратҷаласаи Ҳукумат ва суратҷаласаи назди сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолият сурат мегирад.

Барчаспҳо:
сартарошхона, китобхона, амри раисиҷумҳур, ҳаммом, истиқлолият, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ