23:18 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Роҳи куҳӣ дар вилояти Суғд

Шарҳи ВКД: Иқрориддин аз бордони мошин афтиду ҳалок шуд

© Фото : Руслан Якшибаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
364 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, мусофир Иқрориддини Қодирқул, сокини 27-солаи ноҳияи Айнӣ дар роҳ ба Панҷакент дар пайи беэътиноии ронанда ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Иқрориддини Қодирқул дар роҳи Айнӣ — Панҷакент аз бордони мошини "Хундай-Портер" афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Ронанда Шарофов Файзрух, сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоат қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накардааст, ки дар натиҷа  Иқрориддин Қодирқул аз бордон ба замин афтидаст", — омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
мусофир, ҳалокат, қоидавайронкунӣ, ҳаракат, беъэтиноӣ, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ