Шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав мегузаронад

© SputnikКонкурс-фестиваль на лучший плов в Душанбе
Конкурс-фестиваль на лучший плов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи октябри соли равон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қароре ба имзо расонд, ки тибқи он моҳи октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фестивали мазкур ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон новобаста аз намуди кору фаъолият метавонанд иштирок намоянд.

"Барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим карда мешавад",- таъкид кардааст манбаъ.

Праздничные мероприятия в Душанбе по случаю 24-ой годовщины независимости Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанг макон ва замони барномаҳои консертиро дар рӯзи Истиқлолият интишор кард

Тибқи маълумот ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ аз рӯи бахшҳои "Оши палави беҳтарин" — 5 ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни муйсафедон" — ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол" — ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни мардон" — ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни занон" — ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни домодҳо" — ҳазор сомонӣ, "Ошпази беҳтарин байни арӯсон" — ҳазор сомонӣ, мукофотпулӣ дода мешавад.

Инчунин мақомоти Суғд тасмим гирифтааст ба ошхури беҳтарин низ ба маблағи ду ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ диҳад.

Дар бахши шириниҳои миллӣ низ мукофотпулиҳо дар назар гирифта шудааст. Ба барандаи озмуни "Ширавории миллии беҳтарин" — 5 ҳазор сомонӣ, "Нишоллопази беҳтарин" се ҳазор сомонӣ, "Парвардапази беҳтарин" — се ҳазор сомонӣ, "Ҳалвопази беҳтарин" — се ҳазор сомонӣ, "Наботпази беҳтарин" — се ҳазор сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0