09:28 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ҷазои Муҳаммадҷон Қурбонов барои таҳқири ҷавондухтар дар Душанбе

Ҷазои ҷавони тарбузфурӯш барои "саддоллара" хондани Анисаи 19-сола

дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59400

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 21-солаи шаҳри Душанберо барои таҳқири Аниса Иброҳимоваи 19-сола ба 5 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Аниса Иброҳимова нахуст дар фейсбук ва сипас ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат карда, аз бадахлоқии як ҷавон дар маҳаллаи "Якум Советский" шикоят кардааст.

Ҷазои Зоир Самиев, сокини Душанбе барои дашном додани модараш
дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ

Ӯ изҳор доштааст, ки нисфирӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар маҳаллаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ як ҷавонписар, ки ба тарбузфурӯшӣ машғул будааст, нисбаташ суханҳои қабеҳ задааст.

Маъмурини милиса муайян кардаанд, ки ҷавони мазкур Қурбонов Муҳаммадҷон, сокини 21-солаи кӯчаи Яккачинор мебошад. Ӯ дар идораи милиса гуноҳашро иқрор кардааст.

Додгоҳ Қурбоновро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст.

Ҷавондухтари ҷабрдида қаблан бо нашри як изҳорот дар фейсбук изҳор дошта буд, ки ин ҷавон бо дидани ӯ "саддоллара пайдо шуд", гӯён таҳқир кардааст.

Барчаспҳо:
ҷавондухтар, ҷазо, гаппартоӣ, тарбуз, таҳқир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ