15:15 19 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолият

Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

© пресс-служба Президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар паёми телевизионӣ бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти ҷумҳурӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

"Мо ифтихор дорем, ки дар бисту ҳафт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи вай, мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвар бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.

"Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд", таъкид кардааст раисҷумҳур.
Аммо ба гуфтаи Эмоалӣ Раҳмон хушбахтона, мардуми кишвар, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро интихоб намуданд.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар паём ба мардуми Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои иқтисод ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ишора намудааст.

Ба хусус Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамкориҳои барқароршудаи Тоҷикистону Узбакистон ёдрас шуд.

Ба гуфтаи вай Узбакистон дар ҳоли ҳозир на танҳо ҳамчун ҳамсояҳои наздиктарин, балки яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон мебошанд.

"Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ тамоми мушкилоту масъалаҳои дар давоми беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл ва бартараф гардиданд", — таъкид намудаас Эмомалӣ Раҳмон.

Вай гуфт, "Мо — хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад".

Барчаспҳо:
раисҷумҳур, истиқлолият, табрикот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ