02:15 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Обуҳавошиносон: Дар рӯзҳои Истиқлолият обу ҳавои офтобӣ дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорати ҳаво то охири ҳафта муътадил боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-9 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +9 +14 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Душанбе, "Офтоби сафеди биёбон", истиқлолият, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ