Дар Рашт бо ҷалби шахсони саховатманд роҳи мошингарди Ғарм-Навобод таъмир карда шуд

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкГрузовик, архивное фото
Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи мошингарди шаҳраки Ғарм – Ҷамоати деҳоти Навобод, ки солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт, имрӯз барои истифода ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Рашт бо ҷалби шахсони саховатпеша роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр таъмир карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар" дар истинод ба раиси ноҳияи Рашт Қиноатшои Лоиқ.

Ҳамзамон мумфарш намудани роҳи байни шаҳраки Навобод ва Поҷеи ноҳия ба масофаи 8 километр идома дорад.

Инчунин ба иттилои манбаъ, дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар назди ду муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои хориҷӣ бо маблағи як миллиону 800 ҳазор сомонӣ 16 синфхонаи иловагӣ сохта шуд.

Дар маркази ноҳияи Рашт низ бинои маъмурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ду ошёна иборат мебошад, ба истифода супорида шуд. Ин бино ба маблағи як млн сомонӣ сохта шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0