Видеои оташбозӣ ‑ "фейерверк" -и идона дар Душанбе ба муносибати Истиқлолият

Обуна шудан
Барномаи ҷашнӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бо оташбозии беш аз 7 дақиқагии идона ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон хушу хотирмон баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ин чорабинӣ иштирок карда, кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳамватанони бурунмарзиро шодбош гуфтааст.

Раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.

"Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд", — изҳор доштаст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ корҳои ободониро дар пойтахт вусъат бахшида, собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.

Лентаи хабарҳо
0