10:51 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
САҲА,акс аз бойгонӣ

САҲА занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум кард

© AP / Sergei Grits
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51601

Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik.Рӯзи 11 сентябр дар назди меҳмонхонае, ки анҷумани САҲА мегузарад, байни як намояндаи ҳайъати расмии ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолони мухолифин муноқиша рух дод.

Рӯзи 11-уми сентябр замоне, ки як фаъоли мухолифин — Сулаймони Орзу ба дасти Аёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ) навиштаҷоте рӯи коғаз бо матни "Зиндониҳои сиёсиро озод кунед" дода хост акси ӯро бигирад, муноқиша бархост. Як узви ҳайати ҳукуматӣ ба Сулаймони Орзу наздик шуда, ба рӯяш як мушт зад.

Ин ҳодиса дар беруни меҳмонхонае рух дод, ки дар он ду рӯз инҷониб ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари кишварҳои узви САҲА ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол намояндаи мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро тавтееа номида, гуфтааст, ки ин ҷавон махсус ин корро кард, ки моҷаро рух диҳад.

Ин дар ҳолест, ки Ингиборг Солрун Гисладоттир, мудири Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА зимни ҷаласаи шомгоҳӣ занозании байни намояндагони ҳукумат ва мухолифини тоҷикро маҳкум кард. Хонум Гисладоттир гуфтааст, ҳоло пулис ба таҳқиқи ин қазия оғоз кардааст.

"Иштирокчиёни ин ҳодиса муваққатан аз ҳаққи ширкат дар кори анҷуман маҳрум карда шуданд. Толори анҷуман ва берун аз он макони чунин амалҳои пархошҷӯёна нест", таъкид кард вай.

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава оғоз шуд, дар баробари фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чанд мақоми баланпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард. Дар як толори маҷлисгоҳи САҲА ду рӯз инҷониб баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Барчаспҳо:
занозанӣ, САҲА, маҳкум, муноқиша, ҷаласа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ