10:06 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
имзои ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Маркази исломшиносӣ: таъсиси Паймони миллӣ "rebrending" -и ҳизби наҳзат аст

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
245 0 0

Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар изҳороти нашркардааш таъкид намудааст, ки дар арафаи машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА наҳзатиён боз дар бораи як ҳуҷҷати беарзише бо номи Эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон ахбор паҳн намуданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Маркази исломшиносии Тоҷикистон алайҳи ташкили Паймони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон изҳорот нашр намудааст.

Тибқи изҳороти марказ, ки хабаргузории "Ховар" нашр намудааст, ин эъломия заминаи ҳуқуқии устувор надошта барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ надорад.

Маркази исломшиносӣ таъкид намудааст, нашри ин эъломия, кӯшиши навбатии бо ҳар роҳу васила аз худ дарак додани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ мебошад.

"Аз ҷониби дигар, чунин рафтор ба ҷуз саъю талоши "зӯри беҳуда задан" ба умеди таҳмил кардани фикру андешаи тундрави худ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ҷавони он бо мазмуни куҳна, вале дар тарҳу мазмуни чаҳоррукна чизи дигаре нест", — гуфт Маркази исломшиносӣ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки расонаӣ кардани тағйири ном (re-brending) аз ҷониби Ҳизби дар Тоҷикистон манӯъи наҳзати исломӣ ва дар шакли гурўҳҳои ҳаммаслаки чаҳоргона баромад кардани онҳо далели нокомии ин ҳизб дар фазои иттилоотии дохил ва хориҷи кишвар аст.

"Ҳамин гуна пасманзари исломии идеологӣ акнун дар воқеияти сиёсии Аврупо арзиши чандоне надорад. Ин раванд пас аз шиддат гирифтани тундравӣ ва ифротгароии "исломӣ" дар чандин кишварҳои Ховари Миёна ва интиқоли фаъолиятҳои террористӣ ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо тавони корбурдии худро аз даст дод", — гуфта шудааст дар изҳорот.

Инчунин Маркази исломшиносӣ Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба гуреза шудани мардуми Тоҷикистон дар солҳои 90-ум муттаҳам кардааст.

"Гуноҳи бузурги нобахшудании наҳзатиён дар он аст, ки онҳо дар ҳамон солҳои буҳронии 90-уми асри гузашта мардумро фиреб дода, ба ҳудуди Афғонистон ҳамчун гурезаву муҳоҷир бурда буданд, ки боиси коҳиши обрўву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Чаро наҳзатиён мардуми бегуноҳро ҳамчун "луқмаи хом" ба Афғонистон кашида бурданд, на ба Узбакистон Туркманистон? Дар ҳоле ки ҳама гуна муносибат бо Афғонистон тибқи муқаррароти низоми раводид сурат мегирифту рафтуомад бо ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳанўз озоду бемамониат буд. Онҳо "ислом" (балки инқилоби исломӣ) мехостанд ва мардумро "тоза мусулмон" карданӣ буданд тибқи ҷаҳонбинии танги асримиёнагии худ.", — гуфтааст манбаъ.

Дар охир Маркази исломшиносии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки исломгароёни кишвар иҷрокунандагони лоиҳаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошанд.

Манбаъ гуфтааст, ки ташкилкунандагони Паймони миллӣ ду мақсадро пайгирӣ мекунанд.

"Аввалан, мехоҳанд ба қишрҳои ноогоҳ ва насли ҷавони ҷомеаи тоҷик дубора таъсир расонида, онҳоро ба бунбасти гумроҳӣ ва доми фиреби худ кашанд. Дувум иттиҳоди Аврупоро ба дунявӣ будани андешаҳои сиёсиашон бовар кунонанд", —гуфта шудааст дар изҳорот.

 

Барчаспҳо:
паймон, Варшава, ҲНИТ, имзо, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ