09:54 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Парчами кишварҳои узви ИДМ. Акс аз бойгонӣ

Баррасии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ҳамсуд таҳия карда шудааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Душанбе дар маҷлиси Шӯрои умури хориҷаи иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки рӯзи 27-уми сентябр баргузор мегардад, лоиҳаи барномаи ҳамоишро дар соҳаи ҳамкориҳои гумҳаманитариро барои солҳои 2019-2020 баррасӣ хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

"Санади мазкур бо ташаббуси Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои уззи ИДМ таҳия шудааст ва ҳуҷҷат мазкур идомаи санади амалкунанда мебошад, ки барои солҳои 2017-2018 қабул шуда буд", — гуфтааст дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Аз ҷумла лоиҳаи мазкур ба барномаҳои байнидавлатии "Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод", ҷоизаҳои "Ситораҳои дӯстӣ", форуми байналхалқӣ-гуманитарии Боку инчунин ҷашнвораҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, нашри китоб, китобтақсимкунӣ, варзиш ва саёҳи, ҳамкориҳои ҷавонон ва воситаҳои ахбори омма ворид шудааст, таъкид кардааст манбаъ.

Дар бахшҳои алоҳидаи санад, дар бораи ҳамоишҳои, ки дар доираи шаҳрҳои гуманитарӣ дар кишварҳои ҳамсуд баргузор мешавад, ишора шудааст. Дар ҳамин ҳол тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои ҳамсуд соли 2019, соли китоб эълон шудааст. Инчунин соли 2020, Солгарди 75-солагии ғалаба дар ҷанги ҷаҳоинии дуюм дар солҳои 1941-1945 эълон шудааст.

Дар доираи 75-умин солгарди ғалабаи дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз парадҳои ҳарбӣ дар кишварҳои ҳамсуд форуми байналмилалӣ бахшида ба иди Ғалаба баргузор мешавад. 

Барчаспҳо:
гуманетарӣ, шӯро, ИДМ, ҷаласа, Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ