10:16 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
борон, акс аз бойгонӣ

Борону барф: ҳаво дар Тоҷикистон якбора номусоид мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона паст гашта, вазиши шамол низ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 метр боридани барфи тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +11+13 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Душанбе, барф, номусоид, обу ҳаво, борон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ