Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ бинои Раёсати маориф ва Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Субҳи рӯзи 14-уми сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар маросими тантанавӣ як қатор иншоотҳои муҳимро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро ифтитоҳ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба гуфтаи манбаъ, бинои мазкур аз чор ошёна иборат буда, дар он имконияти фаъолияти беш аз 100 нафар корманди соҳа мавҷуд аст. Инчунин дар бинои мазкур ошхонав ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст меоянд, пешбинӣ гардидааст.

Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи НБО-и “Тоҷикистон” дар Мурғоб: аҳолӣ пурра бо барқ таъмин мегардад

Бино дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад.

"Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст",- таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро низ ифтитоҳ кард.

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз кишварҳои хориҷ бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим медиҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Дар Донишгоҳи мазкур донишҷӯён 7 кишвар, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур дар Мурғоб: аз металҳои нодир то мушкилнописандӣ ва хариди телевизор ба аҳолӣ

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад.

Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0