Мақомот ба ҷавонон: ҳушёр бошед, то зери таъсири гурӯҳҳои террористӣ қарор нагиред

© пресс-служба МИД РТМолодёжная конференция в Варшаве с участием представителей правительства РТ
Молодёжная конференция в Варшаве с участием представителей правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Варшава ба хотири пешгириву паҳншавии ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни ҷавонон ва донишҷӯён конфронс баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар шаҳри Варшава 14-уми сентябр бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии Лаҳистон барои пешгирии паҳншавии ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ байни ҷавонону донишҷӯён конфронс баргузор шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури Хориҷаи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, дар конфронси мазкур ғайр аз дониҷӯён Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, коршинос аз Лаҳистон Мариуш Маршевский, инчунин собиқ муассисони аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханрониаш аз донишҷӯён тоҷик даъват намудааст, ки ҳушёр бошанд то зери таъсири гурӯҳҳои террористӣ қарор нагиранд.

"Ба донишҷӯён барои пешрафту рушд дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар баъд аз имзои Созишномаи сулҳу ризоияти миллӣ дар соли 1997 суханронӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳушёр бошанд, то зери таъсири гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ қарор нагиранд", — таъкид кард манбаъ.

Инчунин Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов зимни суҳбат бо донишҷӯён, онҳоро аз шомил гардидан ба гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ҳушдор дод.

Собиқ муассисони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ А. Сатторов ва Р.Каримов ба донишҷӯён дар бораи таҷрибаи талхи худ аз иштирок дар фаъолияти ҳизби мазкур ва хусусияти террористии ин ташкилотро шарҳ доданд.

Мақомоти Тоҷикистон ба донишҷӯён дар бораи ҳамкории ҳизби мазкур бо хадамоти махсуси кишварҳои гуногун бо мақсади ноором сохтани вазъ дар кишвар маълумот доданд.

Лентаи хабарҳо
0