10:59 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ

Як моҳ муҳлат ба Ятимов, Раҳимзода, раиси ВМКБ: лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро кор баред

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
363030

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таъмин набудани волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки дар шаҳр чор ҷинояткор "диктоват" мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолони ВМКБ буд.

Ӯ дар хитоб ба роҳбарони вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошт, ки наметавонанд волоияти қонунро дар мавриди 4-5 ҷинояткор таъмин кунанд.

Раисиҷумҳур бо ишора ба гуруҳҳои ҷинояткор гуфт, солҳо насиҳат кардам, ки бародарон қонуншиканӣ, ҷиноят накунед, аммо бас будагист ва ба роҳбарони вилояту мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки минбаъд агар зарур шавад қувваҳои мусаллаҳро низ истифода кунанд.

Ӯ инчунин дар бораи вазифаи халифаҳо, муҳлат ба раиси КДАМ, вазири умури дохилӣ, раиси ВМКБ, қонуншикании худи мансабдорон ва ҳамкорӣ бо мардум суҳбат кард, ки Sputnik Тоҷикистон ин қисмати суханрониҳояшро бетағйир пешниҳод мекунад:

Чор ҷинояткор "диктоват" мекунанд. Канӣ роҳбари вилоят? Канӣ муовинош? Канӣ дигар сохторҳои қудратию низомӣ? Намекунед? Наметавонед? Ҷойро холӣ кунед…

Ман ба сохторҳои вилоятӣ муроҷиат мекунам, айб нест, ки мо равон кунем, ки вазири корҳои дохилӣ рав, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, рав, ҳаракати нақлиётро дар шаҳри Хоруғ ба танзим дарор? О, шумо чӣ кор мекунед дар инҷо?

Сардори Бозрасии автомобилӣ ҳаст дар шаҳри Хоруғ? Шумо чӣ кор мекунедтон? Мо барои чӣ таъйин кардем? Дар вақти таъйин кардан насиҳатҳои маро фаромӯш кардед? Ман, чӣ, ба шумо ягон фармону  супориши дигар додам ба Шумо? Гап занед, ман ягон супориши ғайриқонунӣ додам?

Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Наметавонед,  дар курсӣ нишастан даркор нест!

Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед!

Дар тамоми давлати дунё  ҳамин аст, ки роҳбари давлат вақте интихоб мешавад, дар мансабҳои давлатӣ ҳамон шахсҳоеро таъин мекунад, ки сиёсати роҳбари давлатро дастгирию амалӣ мекунанд. Шумо амалӣ намекунед.

Вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро вай карда наметавонед?

Қонун ҳоло ваколат додааст. Дар Амрико ронандаро манъ мекунад, мабодо ронанда аз мошин фарояд, дар ҷояш мепаронад. Ронанда аз мошин намефарояд, оинаро паст мекунад, пулис меояд месанҷад. Дар мо бошад, корманди БДА-ро пахш карда мегузарад, як кас кор надорад.

Қонуни мо ҳам инро талаб мекунад. Кормандони БДА, прокуратура ва дигар шохаҳои ҳокимият, ман мебинам, агар ба шарте як ҷиноят содир шаваду беҷазо монад, ягонтоат кор намекунед!

Яксаду чанд мошинро боздошт кардаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ  надорад, мошин умуман ҳуҷҷат надорад, дар ҳолати маст…

Раиси суди вилоят, ман шуморо ба суҳбат даъват карда будам, бетарафӣ накунед! Дар асоси қонун, аз рӯи адолат ҷазо диданашон даркор, ҷаримаҳоро сари вақт супоранд. Мо барои чӣ ҷаримаҳоро баланд кардем? Яъне тартибу низом шавад.

Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?

Давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд. Вазифаҳои хидматиятонро иҷро кунед. Дар чаҳорчӯбаи қонун кору фаъолият кунед, на зиёд.

Раиси вилоят, раиси шаҳр, ҷамоатҳо, халифаҳои муҳтарам! Вазифаҳои халифаҳои муҳтарам ҳам тарбия кардан, ғизои маънавӣ додан ба мардум, махсусан ҷавонон аст.

Як дар ҷаноза иштирок кардан, ки ина паронданду вайро куштанд, ин танҳо вазифаи халифа нест. Барои пешгирӣ бояд тамоми роҳу воситаҳоро истифода барем, ташвиқоту тарғибот барем, насиҳат кунем. Кадоме набошад, чаҳорчӯбаи қонун қатӣ.

Ягон талаби зиёдатӣ надорам, намегузорам, ки як корманди хизматчии давлатӣ қонуншиканӣ кунад. Барои чӣ кор намекунед, ё дурӯягӣ мекунед ё "зависимый" — пойбанди гуруҳҳои ҷиноятӣ шудаед. Пули наркотик бисёр, ҳа? Мо дорем маълумот, мо чораҷӯӣ мекунем.

Ҳамаи мо одам ҳастем, чаро худро аз дигарон боло гузорем. Роҳбари давлат ҳам як инсон, як шаҳрванди ҳамин мамлакат аст. Аз лиҳози шариатӣ ҳам, як нафар аз нафари дигар худро бояд боло нагузорад. Аз роҳбари давлат сар карда то шаҳрванди қаторӣ дар назди қонун баробар ҷавобгӯ ҳастанд. Инро таъмин кардан даркор!

Боз мегӯям, дар як шаҳри Хоруғ 2 ҳазор хизматчии давлатӣ, аммо 5-6 ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд.

Ана фармон додам, ман ба уҳда мегирам. Лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед! Бас будагист. Ҳамонҳоро ҳам ҳамин қадар сол насиҳат кардем,  ки накунедтон, бародарон, ҷиноят накунед, қонуншиканӣ накунед. Дар кадом давлати дунё ҷинояткоронеро, ки ба наркотик машғуланд, ҳамин қадар озодӣ додаанд? Дар куҷо, гап занед-ку?

Чӣ қадар мардум мурд, ман ҳисобҳоро гуфтам, ин чизи аниқ. Боз баъзеи дигар пинҳон мекунед. Мепарронанд, мекушанд дар хонаашон ё дар кӯча боз падару модараш мегӯянд, не, ин ҷиноят накард, бачаи маро тақдиру насибаш ҳамин будааст. Чӣ хел насиб будаст? Қонун ҳаминро талаб мекунад, ки вақте ҷиноят содир карда, аз падару модар дигар намепурсанд, бояд ҷинояткор дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Роҳбара 50 фоизи муваффақияти кораш аз дасту дилу нияти покаш вобаста аст, худаш бояд поквиҷдон бошад. Ягон чиро аз мардум пинҳон карданамон даркор нест.  Баъзан хатогиҳо содир мекунем дар заминфурӯшӣ, дар корҳои дигар ва ҷинояткор ҳам мебинад инро ва дигар тамом, занҷирро дар гарданат кашол мекунанд.

Боз мегӯям, вазифаи мо, роҳбари давлат, ҳукумат ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст, дар ҳаққи ҷинояткор не! Ҳар чӣ карда истодаем барои халқи ВМКБ карда истодаем.

Як ду се нафар аз номи мардум ҳаққу ҳуқуқи гап задан надоранд. Аз номи халқи Тоҷикистон президенти мамлакат ва парлумон ҳаққи баромад дорад.

Ин камбудиҳоро ислоҳ мекунед. Раиси Кумитаи амнияти миллӣ, вазири корҳои дохилӣ, раиси вилоят, як моҳ мӯҳлат! Намекунед бинед,  масъалаи кадр проблема нест. Ҳар як ҷавонмард ҳаст имрӯз ки.. Айб аст, пинҳон кардан намешавад, дар тамоми дунё паҳн мешавад, ки дар шаҳри Хоруғ ин хел шуд. Ин бар зарари кулли обрӯи миллати тоҷик, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аст.

Дигар ин аст, ки дар ҳаққи 220 ҳазор сокини вилояти Бадахшон зомин мешаванд, чунки сармоя, сайёҳон намеоянд, вақте мефаҳманд ки ноором аст, мардум аз ризқу рӯзӣ мемонад, кам мешавад. Як аз проблемаҳои ҷиддӣ ҳамин аст.

Ина гап занед, дар 27 сол ба давлат чӣ додед? Ягон чӣ талаб кардем? Чор сарбозро ба саффи қувваҳои мусаллаҳ равон карда наметавонед. Мана гап занед, чӣ додед ба давлат? Ман гӯшт гуфтам, шир гуфтам, мева гуфтам? Ягон чизи дигар талаб кардам? Баръакс. Мо мефаҳмем шароити мардуми куҳистонро. Мо шуморо гирифтем, муовини раиси Маҷлиси Миллӣ мондем, ин мартабаи баланд аст, шумо аз рӯи ваколататон бояд ин камбудиҳоро бартараф кунеду ҳисобот диҳед.

Ман гаштам шаҳру ноҳияҳо назди мардум меравам. Баъди 8 сол ноҳияи Мурғоб рафтам, берун аз протокол бо мардум суҳбат кардам, ҳа мушкилот ҳаст, аммо мардум дида истодаанд, ки сол ба сол зина ба зина камбудиҳо бартараф шуда истодаанд. Давлати Тоҷикистон давлати танҳо Раҳмонов нест, ватани 9 миллион аст.

Талаби мо танҳо таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ аст. Фаъолият кардан дар чаҳорчӯбаи қонун, суду прокурор бошанд.

Ба ёд биёред, солҳои 90-ро, ки чӣ гап буд.  Ман дирӯз ба раиси вилоят нишон дода будам, ки дар кадом подвал ҷоям карданду як шабонарӯз чӣ дода буданд. Чӣ мешавад беҳокимиятӣ? Калонсолон медонанд, яроқ дар дасти ҷинояткор зад, вай намепурсад, ки нархат чанд, аммо оқибат бадбахтӣ меорад? Пеш аз омадани ман аз як нафар 92 адад снарядҳою чизҳои зиддитанкӣ гирифтанд? Барои кӣ? Зидди кӣ?

Шумо ҳастед, ки дар ин ҷо кор мекунед, Хоруғ 28 ҳазор аҳолӣ дорад, 400-500 ҳазор не.  Асосан проблемаҳо дар шаҳри Хоруғ астанд.  

Ҳа, раиси вилоят, уҳда карда метавонӣ охир? Дар мӯҳлати як моҳ ӯҳда карда метавонӣ? Мана органҳои маъмурӣ, қудратӣ, низомӣ дар ихтиёратон! Боз мегӯям дар чорчӯбаи қонун, лекин бетарафӣ карда, ҳам он тараф ҷинояткорон қатӣ вай кардану  ҳам ин тараф ба роҳбари давлат дурӯғ гуфтан,  инро на Худо мебахшаду на банда.

Ба мардум халқ такя кун, як моҳ мӯҳлат, на зиёда. Тамоми чизе ки қонун талаб мекунад, талаби қонунгузориро таъмин кунед, раисони шаҳру ноҳияҳо, шумо ҳам аз он ҷумла.  

Вазифаи мову шумо хизмат ба халқ кардан аст. Шукрона кунед.  Бологузар, соҳиби утоқҳои корӣ, иморатҳои нав сохтем, боз ҳуҷраҳои истироҳат, мошин дар таги по, тамоми ҷое меравед бологузар, мардум қатӣ соз салом намекунед. Баръакс! Баръакс, ба халқ, мардум такя кунед. Натарсед аз халқ! Ман барои ҳамин шуморо таъйин кардам. Агар натавонед, шахсони дигар ҳастанд.  Раис корҳои дохилӣ, прокурор, суди вилоят, ман суҳбат кардам бо шумо, раисон гӯед ба мардум, оё чизи бештар аз талаботи қонун талаб кардам?

Проблемаҳоро ҳал карда истодаем, кумак карда истодаем ба шумо,  ақалан тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунед, эй беинсофҳо!

Шукрона кунед, ҳоло дар сари мансаб ҳастед, шукрона кунед. Баъзеатро, агар пагоҳ фармон барояд, мебахшед, оилаатон қатиатон салом намекунад. Шукрона кунед! Ҳоло  раис, прокурор, сардори управления, раиси суди вилоят. Бовар кунед, ҳамин хел аст табиати инсонӣ, як ҳафта дар хонаат хоб рав, кӯдаконат аз танаат мегурезанд. Набар хона як чӣ, дарвозаро тақ-тақ накунанд дигар.

Мо бо нону намаки мардум калон шудаем, 5 рӯзе ки ман дар инҷоам, ин 5 рӯз нону намаки мардумро хӯрда гаштаам ва нону намаки мардумро хӯрда, ин нону намакро пос доштан даркор аст.

Ман супориш додам, дуюм бор вай намекунам. Шумо бинед, чораҷӯӣ кунед, тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад! Шинедтон!

Дар ҳамин ҳол бархе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо баёни ҷонибдории қатъӣ аз таъкиди раисиҷумҳур дар мавриди волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ВМКБ изҳор медоранд, ки истифода аз қувваҳои мусаллаҳ то ҳадди имкон худдорӣ карда шавад, чун метавонад пайомадҳои манфии дигар дошта бошад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо зикри амалиёти низомии соли 2012, ки аз ҷумла миёни сокинони мулкӣ низ кушта барҷой гузошт, изҳор медоранд, ки истифодаи дигарбораи қувваҳои мусаллаҳ дар вазъи ҳассоси минтақа боз метавонад вазъиятро мураккаб гардонад.

Барчаспҳо:
ҷинояткорӣ, фаъолон, раисиҷумҳур, ВМКБ, супориш, мулоқот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ