00:13 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Ширкати чинӣ тасмимашро дар бораи сохтмон се мактаби миёна дар Тоҷикистон эълон намудааст. Қарор аст, мактабҳои мазкур дар Данғара, Бохтар ва Леваканд сохта шаванд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ширкати чинӣ Power China дар Тоҷикистон ба таври ройгон се мактиби миёна месохтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ба гуфтаи манбаъ, се мактаби миёна дар Данғара Бохтар ва Леваканд барои 2560 хонанда сохта хоҳад шуд.

Шартнома дар бораи сохтмони се мактаби мазкур моҳи июли соли равон ба имзо расидааст. Созишномаи мазкурро кормандони сафорат Чин дар Тоҷикистон, намояндаи ширкати Power China ва намояндагони вазорати маориф, энергетика ва захираҳои оби кишвар ба имзо расонда буданд.

Дар соҳаи иҷтимоӣ Тоҷикистону Чин ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки корхонаи муштараки "Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" барои сохтмон ва навсозии мактабҳо ва майддончаҳои варзишии шаҳри Гулистон кумаки молӣ мерасонад. 

Барчаспҳо:
ройгон, Тоҷикистон, Бохтар, Данғара, ширкат, Чин, мактаб, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ