Сармоягузорони чинӣ ба Тоҷикистон омаданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Шанхай
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону вилояти Циндаои Чин баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳамоиш мазкур соати 14:00 ба вақти Душанбе дар меҳмонхонаи "Шератон"-и пойтахт баргузор мешавад.

Манбаъ мегуяд, ки дар ҳамоиши мазкур даҳҳо соҳибкорону намояндагони ширкатҳои чинӣ иштирок хоҳанд кард.

Манбаъ афзудааст, ки мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур, ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Чин мебошад.

"Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ мебошад", таъкид кард манбаъ.

Инчунин соҳибкорони тоҷик мехоҳанд сармояҳои Чинро ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон,бештар ҷалб намоянд.

Лентаи хабарҳо
0