03:14 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Лавҳаи Душанбе дӯстат дорам

Душанбе дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои гардишгарии тирамоҳӣ дар ИДМ

© Фото : Аз бойгонии Беҳрӯз Зеваров
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку болотарин радаҳоро гирифтаанд, Тошканд дар панҷум рада қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон дар даҳгонаи шаҳрҳои Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ барои гардишгарии тирамоҳӣ ҷой гирифт, гузориш медиҳад бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат".

Бино бар ин гузориш, шаҳри Душанбе дар миёни 10 шаҳр нӯҳумин радаро дарёфт кардааст. Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку болотарин радаҳоро гирифтаанд. Тошканд дар панҷум рада қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист шаҳри Ишқободи Туркманистон баъд аз шаҳри Душанбе будааст.

Ин радабандӣ бар асоси таҳлили додаҳои сафарҳои тирамоҳии гардишгарон дар соли ҷорӣ тартиб дода шудааст. Бино ба гузориши ТурСтат, гардишгарони русе, ки ба кишварҳои ҳамсуд сафар мекунанд, бештар гардишҳои рӯзҳои таътилро интихоб мекунанд.

Муддати миёнаи замони гардишгарӣ 3 рӯз аст. Ҳар як гардишгар дар як рӯз барои зиндагӣ ва хӯрок каамобеш аз 30 то 80 доллари амрикоӣ ҳазина мекунад. Гаштугузор ба Қирғизистон ва Узбакистон арзон, аммо Остона ва Боку барои гардишу тафреҳ ва хариди либос роҳаттар будаанд.

 

Барчаспҳо:
сайёҳӣ, Тоҷикистон, тирамоҳ, пойтахт, беҳтарин, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ