Ҷаҳиши нархҳо дар бозори ғайриқонунии заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон

CC BY-SA 2.0 / CIAT / cracked earthВысохшая земля
Высохшая земля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нархҳо дар бозори ғайриқонунии фурӯши замин дар кишвар сол ба сол боло мераванд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз аз шикояти як сокини 35-солаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст, ки ҳанӯз соли 2009 барои ҷудо кардани 7 ҳисса замин аз ӯ 12 ҳазор доллар, тақрибан 1700 доллар барои як ҳисса гирифтаанд.

"Муроҷиаткунанда  арз доштааст, ки марди 45-сола, сокини деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Чорсӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", —омадааст дар иттилоияи ВУД.

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминфурӯше дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд

Бар асоси  парвандаҳои заминфурӯшие, ки солҳои баъдӣ ошкор шудаанд, нархи як ҳисса замин дар бозори ғайриқонунӣ сол ба сол боло рафта, ба се ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Қаблан Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди додситонӣ иттилоъ дода буд, ки барои 7 ҳисса замин дар ноҳияи Рӯдакӣ 21 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта  зимни боздид аз ноҳияи Рӯдакӣ аз бенизомиҳои истифодаи замин интиқод карда буд.

"Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст. Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд. Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд", — таъкид намуд раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0