05:12 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи Узбакистон

Made in Tajikistan: ширкати корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузург дар Маскав

© Пресс-служба Президента Узбекистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
22910

Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 21-уми сентябр ба маъраз гузошта мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Аз 18 сентябр дар Маскав намоишгоҳи байнулмилалии "Текстиллегпром", ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад, оғоз шуд. Дар он Тоҷикистонро ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ намояндагӣ мекунад. 

Сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.

Имсол Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои "Ваҳдат", "Гулистони Душанбе", "Лиман", "Ноҳид", "Раҳимов А.А.", "Сапсан" ва "ХИМА-Текстил" муаррифӣ мекунанд. 

Намоишгоҳи Маскав барои ширкатҳои Тоҷикистон имкони хубест, ки маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанду бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ дидор намуда, бо фанновариҳои муосиру маҳсулоти нав шинос хоҳад шуд.

Инчунин ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Ширкатҳои "Лиман" ва "Сапсан" барои аввалин бор дар ҳайъати Тоҷикистон дар ин гуна намоишгоҳҳои байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

"Текстиллегпром", ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 11-умин бор иштирок мекунад. 

Барчаспҳо:
дузандагӣ, маҳсулот, намоишгоҳ, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ