23:11 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Автомат Калашникова, архивное фото

Куштор дар қабристон: боздошти шаш "рекет"-и солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Хуросон

© Sputnik / Александр Кряжев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98110

Номбурдагон дар куштори ду сокини ноҳия дар оромгоҳ бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” муттаҳам мешаванд. Яке аз ҷабрдидаҳоро аввал оташ задаанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз, 19 сентябр хабар дод, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷинояти кушторро, ки солҳои 1993- замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон анҷом дода шудааст, ошкор кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса шаш сокини деҳаи 8-ум Партсъезди ноҳияи мазкурро боздошт кардаанд.

"Р.М., соли таваллудаш 1957, Қ.М., соли таваллудаш 1965 ва А.Н., соли тавалулдаш 1966, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд", — менависад манбаъ ва меафзояд, ки рӯзи 18-уми сентябр се муттаҳами дигар Н.И., соли таваллудаш 1964, Ҳ.Э., соли таваллудаш 1968 ва Н.Ш., соли таваллудаш 1965, сокинони ҳамин ноҳия ба иттиҳоми дар доштан дар ҷинояти куштор дастгир шуданд.

Гуфта мешавад, Р.М., Қ.М. ва А.Н.  моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ ба хонаи ҳамдеҳаи худ — Қ.С. даромада аз он ҷо шаҳрванд Н.Д., соли таваллудаш 1943-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи "Камаз", савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи "Калашников" ва "Макаров" ба қатл расонидаанд.

Барои дастгир намудани дигар муттаҳамон — шаҳрванд, А.З. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Ба иттилои ниҳод бархе аз муттаҳамон дар қайди ҳаёт нестанд.

Ҳамчунин се  муттаҳамон Н.И., Ҳ.Э. ва Н.Ш. дар моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон: А.З. ва Р.Г. боз ба ҳамон манзили ҷабрдида Қ.С. даромада, аз он ҷо шаҳрванд Н.Т., соли таваллудаш 1942-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи "Урал",  савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро оташ зада, баъдан бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи "Калашников" ва "Макаров" ба қатл расонидаанд.

"Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандон: А.З. ва Р.Г. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад", — тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Нисбати ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
куштор, боздошт, ноҳияи Хуросон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ