07:13 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Инспектор ГИБДД, архивное фото

“Рейди” мақомот дар ВМКБ: дар даҳ рӯз 424 қонуншиканӣ ошкор ва 37 ронанда муҷозот шуданд

© Sputnik / Илья Питалев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
129210

Дар вилояти ВМКБ мувофиқи нақшаи шуъбаи БДА Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо мақсади пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз сӯи ронандагону пиёдагардон ва таҳияву ба танзим овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воситаҳои нақлиёт амалиёти “Тартибот” ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” Танҳо дар  даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр зимни амалиёти “Тартибот” 424 ҳолати қонунвайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.

"Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар  бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт  боздошт  шуданд”, гуфтааст манбаъ.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, дар давоми даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуд ва нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардида, ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Амалиёти «Тартибот» мутобиқи Қонуни Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, зимни баргузории он ҳам аз ронандагон ва ҳам аз пиёдагардон талаб карда мешавад, ки дар асоси қонун ва кодекси мазкур амал намоянд.

Барчаспҳо:
автомобил, Тоҷикистон, ВМКБ, Бадахшон, БДА ВКД, БДА, рейд

Мавзӯъҳои асосӣ