02:10 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Занҳо дар кӯчаҳои Самарқанд, акс аз бойгонӣ

Изҳорот алайҳи иддао дар Варшава: қариб ҳар нафари 5-ум дар Тоҷикистон узбак мебошад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
822 0 0

Созмони ҷамъиятии узбакзабонҳои вилояти Хатлон бо нашри як изҳорот иддаои ироашуда дар ҷаласаи САҲА дар мавриди фишор ба аққалиятҳо, аз ҷумла узбакҳо дар Тоҷикистонро рад кардааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи изҳороти ҷамъияти узбакзабонҳои Хатлон, намояндагони ин миллат дар Тоҷикистон аз ҳамаи имтиёзҳое, ки тоҷикон доранд, бархӯрдоранд.

“Садҳо ӯзбекзабонҳо дар мансабҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд. Озодона ба тиҷорат машғуланд ва ғайра. Дар аксари шаҳру навоҳии вилоят, хусусан дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ёвон, Хуросон, Вахш, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва ғайраҳо мактабҳои ӯзбекӣ амал мекунанд. Ба наздикӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боз як мактаби ӯзбекӣ сохта шуд”, - омадааст дар изҳороти ҷамъиятӣ, ки хабаргузории "Ховар" нашр кардааст. 

Ҷамъият инчунин дар бораи иддаои садодода дар Варшава, ки собиқ раиси ҷамъияти узбакзабонони вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов дар пайи ҳимояташ аз номзадии мухолифин дар интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ғайб задаасту то ҳол зинда будан ё набудани ӯ маълум нест, чунин гуфтааст:

“Салим Шамсиддинов дар асл чун як нафари миллатгаро, шахсияте, ки байни тоҷикону ӯзбекон пайваста нифоқ бармеангехт, маълум буд. Ӯ ҳамеша ба он мекӯшид, ки ду миллати ба ҳам дӯсту бародар бо ҳам душман шавад”, - омадааст дар изҳороти ҷамъият.

Дар изҳороти узбакзабонҳои Хатлон таъкид шудааст, ки теъдоди узбакҳо дар Тоҷикистон қариб 18 дарсадро ташкил дода, баробари шаҳрвандони дигар аз имконоту имтиёзҳо дар Тоҷикистон бархӯрдоранд.

Барчаспҳо:
изҳорот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ