21:32 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Рейды по парикмахерским в Хатлоне

"Рейдҳо" дар кошонаи ҳусну сартарошхона ва утоқҳои дандонпизишк дар Хатлон

© Министерство здравоохранения и социальной защиты Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои пурзур намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишк гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба санҷиши кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишк оғоз намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ду рӯзи санҷиш 17 ва 18 сентябри соли равон   кормандони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода як қатор камбудиҳоро ошкор карданд.

“Аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифтааст фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгуй набуданашон қатъ карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Санҷишҳои мазкур барои пурзур намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ ва дар асоси он таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҷилавгирӣ намудани хурӯҷи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои амалиеро роҳандозӣ кардааст.

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои назорати   фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишк гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст.

“Кормандони Сарраёсат ба истифодабарандагони муассисаҳои мазкур дастур доданд, ки коргоҳҳои худро ба талаботи санитарию эпидимиологӣ мутобиқ намоянд”, - афзуд манбаъ.

Инчунин манбаъ гуфт, ки санҷишҳои мазкур мувофиқи нақшаи корӣ то 28 сентябр идома хоҳанд ёфт.

Барчаспҳо:
филҳо дар кошонаи ҳусн, санитарӣ, Хатлон, рейд, сартарошхона

Мавзӯъҳои асосӣ