02:10 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Гулҳо барои ёдбуд, акс аз бойгонӣ

Даргузашти Саодат Ҷӯраева, офарандаи нақши Зебо

© Sputnik / Евгений Одиноков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Ҳунарпеша Саодат Ҷӯраева, ки бо нақши Зебо дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” маъруф шуд, имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, Саодат Ҷӯраева дар синни 85-солагӣ ҷаҳонро падрӯд гуфт.

Ӯ афзуд, ки Саодат Ҷӯраева дар Душанбе ба хок супорида мешавад. Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, Саодат Ҷӯраева бо нақши Зебо дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” машҳур шуд, ки соли 1957 ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм Зебо нақши манфӣ буда, талош кардааст, ки қаҳрамонҳои асосӣ – Лола ва Саидро аз ҳам ҷудо кунад.

Ин филм нахустин навори рангаи филми бадеӣ-мазҳакавии истеҳсоли “Тоҷикфилм” буд. Махсусан суруди “Я встретил девушку”, ба забони русӣ дар иҷрои Рашид Бейбутов ва таҳияи оҳангсоз Андрей Бабаев ба шеъри Мирзо Турсунзода дар Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гардид.

Саодат Ҷӯраева инчунин дар филмҳои “Как велит сердце”, соли 1968, “Ткачихи”, 1973 ва “Последняя охота” - 1975 нақш офаридааст.

Мавзӯъҳои асосӣ