Абдусалом Азизов, вазири дифоъи Узбакистон ба Хуҷанд меравад

© Пресс-клубМинистр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото
Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдусалом Азизов, вазири дифоъи Узбакистон имрӯз вориди шаҳри Хуҷанд мешавад ва ҳамроҳ бо вазири дифоъи Тоҷикистон барои тамошои нахустин машқҳои муштараки низимиёни узбаку тоҷик, ба майдони тирандозии “Чорух Дайрон” мераванд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои вазорати дифоъи Тоҷикистон, Абдусалом Азизов вазири дифоъи Узбакистон ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо аз марҳилаи ниҳоии машқҳои зиддитеррористии муштараки артиши Узбакистону Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми размоиши муштарак вазирони дифоъи ду кишвар аз сарбозони фаъол қадрдонӣ мекунанд.

Инчунин қарор аст, дар доираи сафари худ вазири дифоъи Узбакистон бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо мулоқот анҷом диҳад ва зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаи низомию техникӣ баррасӣ шавад.

Инчунин, дар доираи машқи муштараки зиддитеррористӣ, оркестри низомии Вазорати дифоъи Узбакистон барои сокинони шаҳри Хуҷанд дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи консертӣ пешкаш мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0