Милисаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон омаданд

© Вазорати умури дохилаи ТоҷикистонМилисаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон омаданд
Милисаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон омаданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милисаҳои узбак бо ҳамтоёни худ мулоқот ороста, аз мавзеъҳои таърихӣ дар вилояти Суғд дидан карданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқоти кории намояндагони ВУД Тоҷикистон ва ВУД Узбакистон баргузор шуд.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташаккили ВКД Ҳафиззода Шодӣ  ва роҳбарони шуъбаҳои минтақавии Раёсати мазкур дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагӣ карданд.

Ҳайати кории меҳмонон бо роҳбарии сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми ВКД Узбакистон  Дониёр Қодиров ва роҳбарони ҷузъу томҳои ҳамин Сарраёсат дар минтақаҳои бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад ташриф оварданд.

"Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда баррасӣ гардиданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин меҳмонон аз мавзеъҳои саёҳатӣ ва таърихии "Баҳри тоҷик" ва "Қасри Арбоб" дидан намуданд.

Вохӯрӣ заминаи воқеиро барои ривоҷу равнақ ёфтани робитаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар гузошта, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0