Рустам Эмомалӣ барои бозии футболи кормандони вазорату идораҳо 58 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи президент мусобиқаи футболи "Ҷоми раиси шаҳр" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Дар Душанбе байни кормандони вазорату идораҳои шаҳр бахшида ба Рӯзи президент мусобиқаи футбол баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе бо интишори нусхаи қарори раиси шаҳр хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи футбол аз 20-уми сентябр то 15-уми ноябр байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мешавад.

Тибқи қарори мазкур сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" маблағи 58 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Рӯзи президент дар Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0