00:25 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Хиёбон шабона, акс аз бойгонӣ

Нарх ва нуқтаи мардони танфурӯш дар Душанбе маълум шуд

Sputnik / Рамиз Бахтияров
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
698962

Ҷамила Ҳусейнова, рӯзноманигори тоҷик шаби 5 сентябр барои пайдо кардани мардони “алфонс” дар Душанбе таҳқиқот бурда, дар пойтахт мардони танфурӯшро ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи таҳқиқоти Ҳусейнова, ки нашрияи СССР нашр намудааст, рӯзноманигор бо пӯшидани либосҳои гарон, ҳамёни пури доллар ва савори мошини хориҷии дугонаи тоҷираш дунафара ба шикори “алфонс” дар Душанбе баромадаанд.

Дар матлаб аз қавли занони сарватманди пойтахт гуфта мешавад, ки  чанд сол пеш гулгашти назди сафорати Федератсияи Русия дар ҶТ, ки дар гардиши ҳалқавии хиёбони И.Сомонӣ ҷойгир аст, макони ҷамъшавии алфонсҳо будааст.

“Мардҳои алфонс, ки симои зебо доранду хушқаду қоматанд, аввал хуб аз паси зани пулдор мепоянд, сипас бо баҳонае ошно гашта, ба хушгӯӣ мегузаранд, дарҳол кӯмаки хешро барои анҷом додани ин ё он кор мерасонанд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба боварӣ даромада, бо ҳамин минвол ба хонаву дар ва рахти хоб низ соҳиб мешаванд. Агар 2-3 ҳафтаи аввали муносибот онҳо барои зан харҷ кунанд, баъдан бо баҳонаҳои гуногун, амсоли “маошамро надода истодаанд, ё мошинам вайрон шудаасту барои таъмираш пул надорам” ба пулпурсӣ сар мекунанд, ҳамин тавр шуруъ мешавад ҳаёти осоиштаи онҳо аз ҳисоби занҳо. Дили занро бошад алфонсҳо бо меҳру муҳаббат ва хушгӯӣ, ки одатан ба занҳо намерасад, гарм мекунанду пул гирифтан мегиранд”, - шарҳ додааст яке аз тоҷирзанони Душанбе ба рӯзноманигор.

Он шаб Ҳусейнова ва дугонаи тоҷираш натавонистаанд, алфонс пайдо кунанд, аммо дар роҳи бозгашт ба хона дучори мардони танфурӯше шудаанд. Марди танфурӯш ба бону "хидмат"-и худро ба ивази 150 сомонӣ дар як соат пешниҳод кардааст.

Муаллифи таҳқиқот навиштааст, дар пайи сайри Душанбе нороҳат шуд, ки он шаб “алфонс”-ро пайдо накард ва аз дугонааш хоҳиш намудааст, ки ӯро то манзил расонад.

“Аз паҳлӯи маркази савдои “Арбат” гаштему дугонаам хост аз мағозаи кушода барои хонааш харид кунад. Мошинро канори роҳ гузошта рафту ӯро дар берун интизор шудам. Баногоҳ аз куҷое 1 ҷавони тақрибан 25-солаи миёнақад пайдо шуда, сӯям омад. Дарҳол аз дастам қапида салом доду сӯям нимтабассум карда истод. “Кӯмак лозим?” пурсид ӯ. Аз ин хеле тааҷҷуб карда гуфтам, ки танҳо нестаму дугонаамро интизорам. Сару либоси ҷавон тозаву озода буду аз танаш бӯи хуши атр меомад. “Мо ҳам 2 нафарем, хоҳед ба хонаатон меравем, хоҳед шуморо ба ҷои худамон мебарем, хоҳед ҳамту даруни мошин нишаста бо ҳам сайр мекунем, 1 соаташ 150 сомонӣ!”-гуфт он писар”, - навиштааст Ҷамила Ҳусейнова.

Ба навиштаи рӯзноманигор дар ин лаҳза дугонааш омада, ба он ҷавон “ташаккур, ягон бори дигар”-гӯён мошинро ронд.

 “Инҳо проститутанд, инҳоро намешавад барои ҳамешагӣ нигоҳ дошт, ё донишҷӯянд ё бекорчӣ ва маҷбуранд бо ин роҳ, яъне танфурӯшӣ зану фарзандони худро хӯронанду пӯшонанд”-гуфтаст дугонаи сарватманди муаллифи матлаб.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар ин нуқта-гулгаштҳои гирду атрофи маркази савдои “Арбат” чанд соли охир ҷавонписарон ва мардон ҷамъ омада, ба танфурӯшӣ машғуланду дар ин бора ҳама хабар доранд.

Ҷамила Ҳусейнова навиштааст, аз ин ки дар пойтахт мардони танфурӯшро кашф кардааст, дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва афзудааст, ки ин мавзӯъро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард.

Барчаспҳо:
танфурӯшӣ, фаҳш, таҳқиқот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ