13:32 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
385 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси шаҳрсозиро тасдиқ карда, барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон равон кардааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат имрӯз нахуст лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баррасӣ гардид.

Ҷамшед Аҳмадзода,  раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гузориш додааст, ки тағйироти пешниҳодшуда барои беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ мусоидат мекунанд.

Талош барои осон кардани кори соҳибкорон дар сохтмону шаҳрсозӣ дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳои бузургро ба муносибати 30-солагии Истиқлолият рӯи даст гирифтааст.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр дод, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифодаи сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ дар маҳаллаҳои истиқоматии кишвар иншооти иҷтимоӣ, аз ҳаммом то майдончаи варзишӣ бунёд карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо қабули қарори Ҳукумат барои сарфаи замин бунёди иншооти аз 5-ошёна поинро дар марказҳои навоҳӣ ва шаҳрҳо мамнуъ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ