05:42 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мошини милиса дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эълони ВКД барои таъмини амнияти президентҳо дар Душанбе, Норак ва Турсунзода

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1902 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои таъмини амнияти ҳаракати роҳбарони давлатҳои ИДМ, ки ба Душанбе меоянд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кишвар маҳдуд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои шуъбаи Бозрасии автомобилӣ дар Душанбе маҳдудияти ҳаракат аз соати 09:00-и 27-уми сентябр оғоз мегардад.

“Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 27 ва 28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз соати 09:00 то анҷоми чорабинии мазкур ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Низоми Ганҷавӣ, Н. Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгрҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи С. Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи  воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” истифода баранд.

Ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе 27-28-уми сентябр дар назар буда, сафари роҳбарони бархе аз давлатҳо, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба шаҳри Турсунзода ва Норак пешбинӣ шудаст.

Мавзӯъҳои асосӣ