16:14 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Бозгашти ҷавони муттаҳам дар ифротгароӣ ба Тоҷикистон ба назди хонавода

Амри раисиҷумҳур: бахшиши 4 ҷавон дар Душанбе ва даъват аз фирориёни дигар

дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
445 0 0

Мақомоти умури дохилии Душанбе аз бозгашт ва бахшиши 4 ҷавони муттаҳам дар ифротгароӣ хабар дода, бо зикри амри раисиҷумҳур муттаҳамони фирории дигарро ба бозгашти ихтиёрӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе се сокини пойтахт ва як нафар аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки солҳои охир дар хориҷи кишвар паноҳ бурда буданд, ихтиёран ба мақомот ҳозир шуданд.

Ин ниҳод аз ҷумла Раҳматулло Раҳматови 36-сола, падари  5 фарзанд, Аҳлиддин Каримови 31-сола, соҳиби 4 фарзанд, Исматулло Саодатов, сокини 33-солаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ва Амирхудоев Одинаи 31-соларо ном бурдааст, ки барои ифротгароӣ ва иштироку ҷалб дар ҷангҳои хориҷӣ мавриди пайгард қарор доштаанд.

“Номбурдагон ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд.  Айни ҳол онҳо дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд”, - омадааст дар иттилоия.

Раёсати ВКД бо зикри амри раисиҷумҳур, аз шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, даъват намудааст, ки дар ҳолати пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ҳозир гардидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ