Маликшо Неъматов бо Олмон худоҳофизӣ кард

© Министерство иностранных делВстреча посла Таджикистана в ФРГ с Тео Кидесс в МИД Германии
Встреча посла Таджикистана в ФРГ с Тео Кидесс в МИД Германии  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маликшо Неъматов собиқ сафири Тоҷикистон дар Олмон барои хайрухуш ба Дастгоҳи раисҷумҳури федеролии Олмон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 24 сентябри соли равон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бинобар ба охир расидани фаъолияти сафириаш дар Олмон ба Дастгоҳи раисҷумҳур федеролии Олмон рафта, бо Тео Кидесс, роҳбари Раёсати Осиё, Африқо ва сиёсати рушди Дастгоҳи Президенти федеролӣ дидор ва мулоқот намуд.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории Маликшо Неъматов ва таъини сафирони нави Тоҷикистон

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти мулоқот тарафҳо сатҳи кунунии муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро мусбӣ арзёбӣ карда, ҳавасмандии худро ҷиҳати вусъату таҳкими ин ҳамкориҳо баён намуданд.

Тео Кидесс аз Маликшо Неъматов барои саҳми муносиб дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар изҳори миннатдорӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0