19:52 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото

Иғво накунед: Абдулқодирзода аз бадахшониҳо хост бо ҷинояткорӣ мубориза баранд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
90110

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон навиштааст, ки сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон миёни мардум ва расонаҳои хабарӣ баҳсу гуфторҳои ба миён овардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода,  муфтии Тоҷикистон дар як изҳороташ аз халифаҳои иломӣ даъват намудааст, ки бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд, навишта шудааст дар изҳороти нашршудаи муфтӣ, дар сомонаи кумитаи дин.

Ба гуфтаи вай, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории Тоҷикистонро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медодаанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа шудааст. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.

“Дар асл ҳама чиз чун офтоб рӯшан аст. Раисҷумҳури кишвар зимни сафари корӣ  ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Андешаи муҳим ҳамин аст, ки зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд”,- таъкид кардааст муфтии Тоҷикистон.

Вай навиштааст, ки барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа як моҳ муҳлат дода шуд.

 “Ҳамин таъкиди роҳбари давлат мухолифини сиёсати имрӯза, хусусан онҳое, ки дар Аврупо ҳамчун фирорӣ қарор доранд, аз Кабирӣ сар карда, то Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоев ва чанд тани дигар тобиши сиёсӣ дода истодаанд, гӯё амалиёти низомии густурдае алайҳи сокинони Бадахшон оғоз мешуда бошад, гӯё ҳукумат бо мардуми ин минтақа аз сиёсати зӯрию фишор кор мегирифта бошад”, - гуфт  Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Муфти таъкид намудааст, ки инҳо ҳама сафсатта мебошанд. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар қонунҳо ВМКБ як ҷузъи таркибии Тоҷикистон аст ва имтиёзе ба ҷуз мухторияти идоракунӣ надорад.

Муфти таъкид намудааст, ки сухан дар бораи чор-панҷ нафари ба истилоҳ «шахсиятҳои соҳибнуфуз», дар асл саркорони бозори маводи мухаддир ҳастанд, ки худро дар паноҳи мардум нигоҳ дошта, вазъро буғранҷ кардан мехоҳанд. Барои онҳо сулҳу ваҳдат аҳаммияте надоштааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, афзудааст, ки  Чунин вазъиятро ягон давлат тоқат надорад.

Вай гуфт, мардуми Бадахшон бояд худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо гӯш надиҳанд. Агар вазъи ҷинояткорӣ ҳарчи зудтар ислоҳ шавад, ба манфиати мардуми минтақа ва умуман Тоҷикистон хоҳад буд.

“Дар мазҳаби исмоилиён низ чун мазҳаби ҳанафӣ бадиву бадкорӣ мазаммат карда мешавад, бояд халифаҳои исмоилӣ низ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд. Мо бояд дарк намоем, ки дар назди Худову Расул (с), дар назди ҷомеаву наслҳои оянда масъулем. Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: «Дониста бошед, ки ҳар яки шумо масъулияте доред ва ҳар яки шуморо аз он мепурсанд» (Бухорӣ ва Муслим)”, - навиштааст муфтии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода вазифаи ҳар як фарди мусулмон ислоҳ намудани нуқсонҳои мавҷуда ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад.

Муфтии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки то кунун миёни ин мазоҳиб, яъне исмоилияву ҳанафӣ ягон мухолифате сар назадааст, чунки ҳар мазҳаб дар доираи қавоиди хеш амал намуда, пайравӣ ба ину он мазҳаб аз ҷониби мардум ихтиёрист.

Барчаспҳо:
изҳорот, Тоҷикистон, муфтӣ, Саидмукаррам, Саидмукаррам Абдулқодирзода

Мавзӯъҳои асосӣ