Баҳромҷон Иброҳимов, соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ маҷмааи варзишӣ сохт

Обуна шудан
Баҳромҷон Иброҳимов, соҳибкори ватанӣ дар деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як маҷмааи ва майдончаи варзишии муосир бунёд намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҷмааи мазкур дар ноҳия яке аз калонтарин буда, бо маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Намуди умумии майдончаи варзишӣ, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст - Sputnik Тоҷикистон
Тағйири Кодекси шаҳрсозӣ: соҳибкорон дар сохтмон фаъолтар мешаванд

Бино аз ду ошёна ва толорҳои барҳавои дорои 400 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Инчунин дар толори мазкур имкон аст мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гӯштин, тенниси рӯйи миз гузаронида шаванд. Таҷҳизот барои маҷмааи мазкур ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ харида шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор Баҳромҷон Иброҳимов, дар назди мактаби №115-и деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппа майдончаи хурди варзишӣ барои бозии футболи хурд мавриди ифтитоҳ шуд.

Открытие гостиницы в Зафарабадском районе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кард

Бино ба иттилои манбаъ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон қарор аст дар ноҳияи Рӯдакӣ 414 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ сохта шавад.

Соли равон ба бояд дар ноҳияи мазкур 27 иншоот, аз ҷумла 7 мактабу синфхонаҳо, 3 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва маҷмааи варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 4 иншооти дорои дигар самти фаъолият ва 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба сохта шавад.  

Лентаи хабарҳо
0