10:18 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Сафири Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов

Олег Иванов: лоиҳаи созишномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Белорус омода аст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Олег Иванов, сафири Белорус дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид намудааст, ки лоиҳаи созишномаи шарикии стратегӣ миёни ду давлат, омода шудааст

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik.  Олег Иванов, сафири Белорус дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки лоиҳаи созишномаи шарикии стратегӣ омода аст ва тарафҳо онро то охири сол равон мувофиқа хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории БЕЛТА.

Ба гуфтаи вай, роҳбарони ду давлат то мулоқоти моҳи сентябр чандин супоришҳо дар самти сиёсат, иқтисод ва гуманетарӣ дода буданд.

Вай гуфт, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Белорус яке аз муҳимтарин бахшҳои созишнома мебошад.

“Ҳоло дар Тоҷикистон чанд лоиаҳои Белорус роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла сохтмони корхонаи тракторбарорӣ дар Ҳисор. Ҳоло дар Тоҷикистон насби пурраи тракторҳои Белорус ба роҳ монда шудааст. Инчунин Белорус ва Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди ширу маҳсулоти шириро баррасӣ доранд. Имрӯзҳо масъалаҳои гуногун баррасӣ мешаванд. Белорус аз содири шир ва шири хушк то сохтмони корхонаи коркарди ширро пешниҳод намудааст”, афзуд сафир.

Инчунин сафир таъкид намудааст, ки онҳо тавонистанд барои роҳандозиии барномаҳои Белорус дар Тоҷикистон сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд.

“Мо ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ чандин грантҳои молиявии ҷиддӣ гирифтем, ки барои харидории таҷҳизоту техникаҳои белорусӣ равона хоҳанд шуд”, гуфт вай.

Сафир қайд намудааст, ки Белорус бо Тоҷикистон шартнома дар бораи содироти техникаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тролейбусҳоро ба имзо расонидааст. Вай гуфт дар оянда Белорус тасмим дорад, автобусҳои сохти худро ба Тоҷикистон низ содирот намояд.

Олег Иванов, умедворӣ кардааст, ки дар нимаи дуюми соли равон гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Белорус нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ёдрас мешавем, ки дар соли 2017 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Белорус наздик ба 43 миллион долларро ташкил медод.

Барчаспҳо:
Минск, созишнома, шарики стратегӣ, ҳамкорӣ, Белорус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ